Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана
2.24K subscribers
202 photos
2 videos
207 links
Национальная библиотека Таджикистана
Download Telegram
САДУ ЯК ҒАЗАЛ
———————————————-
Дар адабиёти классикии бештар аз ҳазору дусадсолаи мо жанри ғазал мавқеи мустаҳкам дорад. Адабиётро ба осмон, суханварони моро ба ситораҳо, дар маҷмӯъ адабиёти тоҷикро ба осмони пурситора монанд кунанд, қариб ҳамаи ин ситораҳои тобон дар алоҳидагӣ ғазал гуфтаанд.

Маҷмуаи ғазалиёти писандидаатонро дар ин суроға бихонед⤵️
📚Саду як ғазал Лоиқ Шералӣ
📚Саду як ғазал Ҳофизи Шерозӣ
📚Саду як ғазал Абдулқодири Бедил
📚Саду як ғазал Саъдии Шерозӣ
📚Саду як ғазал Фаридуддин Аттор
📚Саду як ғазал Бадриддин Ҳилолӣ
📚Саду як ғазал Шамсиддин Шоҳин
📚Саду як ғазал Соиб Табрезӣ
📚Саду як ғазал Абдураҳмони Ҷомӣ
📚Саду як ғазал Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ
📚Саду як ғазал Зебуниссо
📚Саду як ғазал Мушфиқӣ
📚Саду як ғазал Нақибхон Туғрал
📢ЭЪЛОН
АГАР ХОҲИ ҶАҲОН БИДОНӢ, ЗАБОН БИОМӮЗ! АГАР ХОҲИ КАШФЕ НАМОӢ, БА ИЛМҲОИ ДАҚИҚ РӮЙ БИОВАР!

📢Ба таваҷҷуҳи дӯстон ва ҳаводорони забонҳои хориҷӣ расонида мешавад, ки Китобхонаи миллӣ барои омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, куриёӣ, олмонӣ курсҳои кутоҳмуддату дарозмуҳлатро пешниҳод мекунад. Дар Муассисаи мо 👉беҳтарин устодон барои забономӯзон дарс мегӯянд, ки дар фурсати кутоҳ Шумо метавонед забони интихобкардаатонро ба дурустӣ биомӯзед. Курсҳои мо аз рӯйи се баст ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, Шумо метавонед дар Муассисаи мо аз фанҳои химия, биология, математика ва компютер курсҳои омӯзиширо гузаред.
................................................................................
Барои гирифтани маълумоти бештар Шумо метавонед бо рақамҳои 221-04-10, 984-54-10-00 тамос гиред.
Китоби нав. “Нахустин устоди мо”
...................................................
➡️Ин китоб, ки дарбаргирандаи маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ мебошад, ба тозагӣ чоп шуд. Ин Конференсия 17-уми ноябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ“-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ҳузури гарми зумрае аз донишмандон, шогирдони академик Муҳаммадуллоҳ Лутфуллозода, муҳаққиқон, кормандони китобхона, намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ баргузор шуда буд.
Дар маҷмуаи мақолаҳо аз рӯзгор, осор ва фаъолияти пурсамари илмию эҷодии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Муҳаммадулло Лутфуллозода гирд омадаанд.

Китоб: Нахустин устоди мо↩️
#Адабиёти_муосир
Ҳикояву романҳои Баҳром Фирӯз

Ба таври куллӣ сабки Баҳром Фирӯз воқеъгароёна буда, осораш дар заминаи далелу арқом ва ҳодисаҳои рӯзмарраву тарҷумаиҳолӣ таълиф шудаанд. Ӯ кӯшидааст, ки воқеаҳои ҳаррӯзаро таълим диҳад ва моҳияти ибратбахши онҳоро бозгӯ намояд...

Маҷмуаи достону ҳикояҳо ва ашъори мунтахаби нависандаи тоҷик Баҳром Фирӯз дар суроғаи зер⤵️

📚Агар вай мард мебуд
📚Ғафлатзадагон
📚Дарёи меҳр
📚Муаллими сахтгир
📚Нидои ишқ
📚Пеш аз шаби арӯсӣ
📚Саҳнаи гардун
📚Субҳи ватан
📚Тафти дил
📚Тору пуд
📚Ҳақиқати талх
📚Чӣ сон аълохон гаштам
ЗОДРӮЗИ АБАРМАРДИ ШЕЪРИ ТОҶИК ЛОИҚИ БУЗУРГВОР БА ҲАМА ҲАВОДОРОНАШ МУБОРАК БОД!!!!

#Адабиёти_муосир
* * *
Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.
* * *

Куллиёти шеъру рубоиҳои беназири Лоиқро ин ҷо бихонед⤵️

📚Куллиёт
📚Ману дарё
📚Марди роҳ
📚Офтобборон
📚Санги мазор
📚Хоки Ватан
📚Дасти дуои модар
📚Варақи санг
📚Девони дил
📚Девони замон
📚Фарёди бефарёдрас
📚Хонаи чашм
📚Ангораҳо.Гулчини ашъор
Аҷоиботи таърих
———————————————
АҶОИБОТИ ТАЪРИХ
Чаро Султон Шаҳоббудини Ғўрӣ лақаби “Ҷаҳонсўз”-ро гирифт? Барои чӣ амири Бухоро Насруллоро “Амири қассоб” меноманд?
“Ман савганд хўрдам, ки то аз хуни ин бадкирдорон рикоби ҳумоюнии мо гулгун нашавад, даст аз қатли онҳо бознадорам!” Ин суханро кӣ ва барои чӣ гуфтааст?....

Муаллифи ин китоб Мурод Ҷумъаев буда, бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 чоп шудааст. Аслан он гулчине аз муҳимтарин рӯйдоҳои таърих аст, ки дар китобҳои омӯзишии таърих камтар аз онҳо ёд мешавад.
.....................................
Дарёфти китоб: Аҷоиботи таърих
Тоҷнома. Силсилаи “Тоҷикон дар масири тамаддун”. Авасто
————————————————————
Ин китоб дар таҳияи Бобоназар Ғаффор, Муҳтарам Ҳотам ва Муаззами Диловар соли 2014 мунташир гашт. Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ силсилаи мазкурро бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп мекунад.
“Авасто” бо мақолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ориёиҳо ва шинохти мардуми ориёӣ” оғоз мешавад ва ба дунболи ин пешсухани пурмуҳтаво асли китоб пешкаши хонандагон мешавад.

Китоб: ➡️Авасто
"Мунтахаби ғазалиёт" ва "Гулу сунбул" аз Ҷомӣ
——————————————————-
Дар ин китоб мунтахаби ғазалиёти шоир, донишманд ва мутафаккири асри XV Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ба мухлисону ҳаводорони назми беғазанди форсии тоҷикӣ пешкаш мегардад.

Китоб⤵️
Мунтахаби ғазалиёт
Гулу сунбул
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

📚Эҷодиёти устод Рӯдакӣ инъикоси давраи ниҳоят муҳим ва илова бар ин пурталотуми таърихии мост. Дар ашъори ӯ на танҳо инъикоси лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагии шахсии суханвар, балки воқеъаҳои бузурги иҷтимоӣ таҷассум ёфтаанд. Имрӯз аҳамият ва арзиши эҷодиёти устод Рӯдакӣ дар он аст, ки шоир дар шеърҳояш фикрҳои пешқадами замон – инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба зулму ситам, ишқу муҳаббат, оҳангҳои ҳаётдӯстиву ватанпарварӣ, ситоиши хирад, тавсифи илм ва дастовардҳову пешрафти маънавиро тараннум кардааст.
..................................................................
Чанде аз китобҳои Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ⤵️
📚Шеърҳо
📚Ашъор
📚Девон
📚Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ
📚Осори Рӯдакӣ
📚Рӯдаки чанг бигирифту навохт
📚Пандҳо
#Адабиётиҷаҳон
ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

✍️Чингиз Айтматов-яке аз бузургтарин нависандагони дунёст, ки китобҳояш на танҳо сухани нави тадқиқи бадеӣ, балки рамзҳои адаби шудаву хонандагони садҳо кишварро мафтун кардааст.
📚Пораабри сафеди Чингизхон -тавассути ин китоб тозатарин тарҷума аз осори Чингиз Айматов - Чингизи суханваре, ки ба қавли устод Турсунзода бар рағми Чингизи бедодгар дунёро бо сухан гирифтааст, пешкаши адабиётдӯстони тоҷик мешавад.

Китобҳо⤵️
➡️Пораабри сафеди Чингизхон

➡️Роҳи каҳкашон

➡️Ҷамила
#Адабиётиҷаҳон
Ҳикояҳо дар бораи Шерлокс Холмс

➡️Дар ин маҷмӯа бо чанд ҳикоя ва повести нависандаи номии англис Артур Конан Дойл шинос мешавед, ки бори аввал ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда буданд. Ҳикояву повестҳои ин шахси номдор ҳанӯз дар асри гузашта саросари дунёро пахш гашта буд. Ҳамагон аз хондани онҳо лаззати фаровон мебурданд. Персонажи асосии ҳикоятҳои Конан Дойл чунон ном бароварда буд, ки то ҳол аксари мардум бар ин боваранд, ки ӯ шахси воқеии таърихӣ буд. Шерлок Холмс, кӣ намедонад ин исмро? Ин персонажи тахайюлӣ дар қатори маъруфтарин одамони ҷаҳонӣ меистад. Инак навбати хонандаи тоҷик аст, ки аз моҷароҷӯиҳо ва қиссаи ҳаёти Холмс бархурдор шавад ва лаззати нотакрори яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти ғарбро бичашад.

📚ҲИКОЯҲО ДАР БОРАИ ШЕРЛОКС ХОЛМС
📚АФСОНАҲО Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

✍️Осори шифоҳӣ як бахши муҳими адабиёти ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Тоҷикистон низ чун миллати қадим дорои осори шифоҳии ғани мебошад. Афсона як кисмати он буда, дар он орзуву омоли мардум дар хар давру замон инъикос ёфтааст. Гирдовари ва нашри афсона имкон медихад,ки ин дурдонаи осори шифохи умри човидон дошта бошад.Зеро бо мурури вакту замон баъзеи онхо аз хотирхо фаромуш мешаванд. Нашри китоби "Афсонахои халки точик "имкон фарохам меорад,ки ин киссахои марғуби мардуми мисли гавҳараки чашм ҳифз шаванд ва дӯстдорони он ҳамеша бо афсона бошад.
.............................................................
Дар ин суроға афсонаҳои ҷолиби халқи тоҷик ва афсонаҳои дигар халқҳои ҷаҳонро бихонед:⤵️
📚Афсонаҳои халқи тоҷик қисми 1
📚Афсонаҳои халқи тоҷик қисми 2
📚Афсонаҳои халқи тоҷик қисми 3
📚Афсонаҳои халқи тоҷик қисми 4
📚Афсонаҳои халқи тоҷик қисми 5

📚Афсонаҳои халқи Ҷопон
📚Маликаи Зебоҳусн
📚Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон
Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5 – уми июн
——————————————
📆Соли 1455 шоир ва нависандаи аҳли Фаронса Франсуа Вийон ҳангоми кӯшиши ғорати калисо дар бархурд бо ходимони он як роҳиби калисоро шадидан захмӣ кард ва Порисро тарк намуд. Номи аслии ӯ де Монкорбе ва ё де Лож буд. Миёни 1-уми апрели соли 1431 ва 19-уми апрели соли 1432 дар Порис таваллуд шуда, баъди соли 1463 ва на дертар аз соли 1491 вафот кардааст. Ӯро аввалин шоири лирики асри миёнаи Аврупо медонанд.

📆Соли 1640 дар вилояти Шандун нависандаи чинӣ Пу Сунлин ба дунё омад. Вай муаллифи асари “Ляо-чжай-чжи-и” мебошад, ки 16 ҷилдро дар бар мегирад. Дар асар 431 новелла ҷо дода шудааст, ки бо услуби анъанавии новеллаҳои чинии асрҳои VIII—XVI, дар жанри сяошо иншо шудааст...
.........................................
Муфассал
📚ҲИКОЯҲО
✍️РАҲИМ ҶАЛИЛ

➡️Дар ин китоб қариб ҳамаи ҳикояҳои то ин вақт иншогардидаи нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил фароҳам омаданд, ки онҳо дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёт баҳс мекунанд. Ҳар як ҳикояи нависанда ин ё он мавзӯи конкретро дар бар гирифта, ба бисёр масъалаҳои рӯгори мо дахолат мекунад. Ҳикояҳо ҳама хонданбоб ва бо услуби хоси адиб иншо гардиданд.

Дарёфти китоб: 📚ҲИКОЯҲО↩️


#Адабиёти_муосир
Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6 – уми июн

📆Соли 1606 дар Руан шоир ва намоишноманависи фаронсавӣ Пйер Корнел ба дунё омад. Ӯро “падари жанри фоҷеа дар адабиёти Фаронса” меноманд. Бародарбузурги намоишноманависи машҳури ин кишвар Тома Корнел буд.
Аввалин намоишномаи ӯ мазҳакаи “Мелита” буд, ки соли 1629 навишта шудааст. Баъди ин ӯ як сислсила намоишномаҳо дар жанри мазҳака навишт.

📆Соли 1875 дар Любек нависандаи олмонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1929 Томас Манн ба дунё омад.Машҳуртарин асарҳои ӯ “Будденброкҳо” (Заволи як хонадон), “Кӯҳи ҷоду”, “Иосиф ва бародарони ӯ”, “Фиребхӯрда”, “Сарҳои ба гаравгузошташуда”, “Ду нафар”, “Тристан”, “Доктор Фаустус”, новеллаи “Марг дар Венетсия” мебошанд...

МУФАССАЛ: kmt.tj
#Адабиёти_муосир
✍️Нодири Нодирпур аз ҷумлаи машҳуртарин шоирони форсизабони қарни бистум мебошад.Аз пайравони мактаби шеъри Нимо ва аз муваффақтаринҳо дар шеъри нав аст.
➡️Ашъораш ба забонҳои русӣ, озарӣ, узбекӣ, қазоқӣ ва ғайраҳо тарҷума ва нашр гардидааст.
Шавқ ва андешаҳои Нодирпур моро водор кард, ки "Куллиёти осор"-и Нодири Нодирпурро пешниҳоди хонанда гардонем.

📚КУЛЛИЁТИ ОСОР
📚Анатомияи одам
—————————-
✍️Фанни анатомия таҳкурсии ҳамаи илмҳои тибби буда, бе донистани он ягон соҳаи мустақили тибро аз худ кардан имкон надорад. Бинобар ин донишҷуён пеш аз омӯхтани фанҳои тиббии амалию назариявӣ, бояд ҳатман анатомияи одамро омӯзанд.
Дар ин бора профессор Е.О. Мухин гуфтааст: "Духтуре, ки анатомдон нест, на ин ки манфиат намедиҳад, балки ӯ зарар мерасонад.☘️
................................................
Китобҳо⤵️
АНАТОМИЯИ ОДАМ
АНАТОМИЯИ ОДАМ муаллиф Абдураҳмонов Ф.А
#Адабиётиҷаҳон
📚САРГУЗАШТИ МАН ( ТАҶРИБИЁТИ МАН ДАР РОҲИ КАШФИ ҲАҚИҚАТ)

✍️Маҳатма Ганди падари Ҳинд ҳамеша манбаи илҳоми ҳазорон мардуми дунёст.Ин роҳбари абадзиндаи Ҳинд ба василаи зинда кардани бузургтарин мақолаҳои ахлоқии фалсафаи қадими ҳиндие чун аҳимса ва сатряграха тавонист мактаби муборизаро барои озодӣ таҳти унвони "Муқовимат бидуни зӯроварӣ ва хушунат" бунёд кунад, ки то имрӯз бар аксари ҷунбишу муқовимат бидуни зӯроварию хушунат дар тамоми дунё омӯзандаву таъсиргузор аст.

Китоби "Саргузашти ман" аз тарҷумаи Масъуди Барзин ба тоҷики баргардон шудааст.

📚Саргузашти ман↩️
#Адабиёти_муосир
📚«Чашми саҳар»✍️Сайф Раҳимзоди Афардӣ📖 қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст. Нигоштаҳои ✍️ин адиби хушсалиқаву нозукхаёл бо тасвирҳои ҷолиб☘️ ва назокати зебои сухан✍️ диққати хонандаро ба худ кашида, беихтиёр ҳамрозу ғамшарики қаҳрамононаш мегардонад.

Китоби 📚"Чашми саҳар" 📆соли 2014 дар нашриёти "Адиб" ба табъ расидааст, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.
.............................................
КИТОБ⤵️
Чашми саҳар