Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана
2.14K subscribers
198 photos
2 videos
203 links
Национальная библиотека Таджикистана
Download Telegram
ЗОДРӮЗИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ТАМОМИ ТОҶИКОН МУБОРАК!!!

Ба муносибати зодрӯзи фарзонафарзанди миллат чанде аз китобҳои боарзишро бароятон пайдо намудем.

Китобҳои Пешвои миллатро дар суроғаи зерин бихонед⤵️

📚Забони миллат-ҳастии миллат
📚Чеҳраҳои мондагор
📚Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ
📚Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо
📚Бист қадами созанда
📣БО ДАРХОСТИ ШУМО

📚ШАБЕ КИ МОҲ АРҒУВОНӢ БУД...
✍️СОҶИДАИ МИРЗО

🔹Романи "Шабе, ки моҳ арғувонӣ буд" достони як навраси ятим аст, ки шаби "гирифтани моҳ" шабе, ки моҳу офтобу замин дар як радиф қарор гирифтаанд ва тӯдаи мардум чашм ба сӯи осмон, моҳи арғувониро тамошо мекард, хоҳаронашро танҳо гузошт ва аз хона фирор кард....💢Ситорашиносҳо мегӯянд, инсонҳо таҳти таъсири "гирифтани моҳ" тасмимҳое мегиранд, ки шояд дар ҳолатҳои дигар аз онҳо ҷилавгирӣ кунанд...

Шакли электронии китобҳоро ин ҷо мегузорем , метавонед боргирӣ ва мутолиа намоед
ШАБЕ КИ МОҲ АРҒУВОНӢ БУД...
инчунин ФАРИШТА ДАР ДУЗАХ аз Соҷидаи Мирзо

#Адабиёти_муосир
#Адабиётиҷаҳон
Классикони адабиёти ҷаҳон барои бачаҳо

ХУРӮСИ ТИЛЛОӢ-и А.С.Пушкин
ва⤵️
КАШТАНКА-и А.П.Чеховро
бо тарҷумаи Маҷид Салим ин ҷо мегузорем.
Ин китобҳо дар нашриёти "Адиб" соли 2021 ба нашр расидаанд.

Аз ин суроға боргирӣ ва мутолиа кунед⤵️
↪️Каштанка
↪️Хурӯси тиллоӣ
Кӯдакиву наврасии Сотим Улуғзода дар қиссаи "Саргузашти Собир"

🔹Қиссаи "Саргузашти Собир"-и нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода аз ҷумлаи асарҳои беҳтарини бачагона ба ҳисоб меравад. Дар ин қисса нависанда дар симои қаҳрамони марказӣ -Собир ва дигар персонажҳои мусбату манфӣ ҳаёти худро аз овони кӯдакиаш то навҷавонию камолот ба риштаи тасвир кашидааст...

Шакли электронии китобро бо дархости хонандагон ин ҷо мегузорем.
📖Саргузашти Собир↩️
СОТИМ УЛУҒЗОДА

#Адабиёти_муосир
✍️Сотим Улуғзода — нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. Бо асарҳое, чун «Субҳи ҷавонии мо», «Қисмати шоир», «Фирдавсӣ», «Ривояти суғдӣ», «Марги Ҳофиз», «Восеъ» ва ғайраҳо шуҳрат ёфтааст.
💢То кунун ягон нависандае меҳри бародару хоҳарро ба дараҷае, ки Сотим Улуғзода дар романи «Восеъ» офаридааст, тасвир накардааст. Устод Улуғзода дар симои Фотима беҳтарин хислатҳои зани кӯҳистониро аз қабили раҳмдилӣ, шуҷоатнокӣ, пуртоқатӣ, адолатхоҳӣ ва монанди инҳоро ҷамъбаст намудааст.

📚Восеъ
📚Фирдавсӣ
📚Ривояти суғдӣ
📚Аҳмади Дониш
📚Калтакдорони сурх
📚Саргузашти собир
ТАҚВИМИ ҶАШН ВА САНАҲОИ МУҲИМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024

🕑Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии
Тоҷикистон (барои соли 2024)” идомаи силсилаи
“Тақвим”-ест, ки ҳамасола аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мешавад.
Китобхонаи миллӣ нашри онро аз соли 1964 оғоз
намудааст ва он ҳамасола (ба истиснои солҳои 1993-1996)
бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасад.

Тақвимро аз ин ҷо дастрас кунед: Тақвим⬅️
📕АСАРҲОИ МУНТАХАБ
✍️ШАРИФБЕК АЗИЗӢ
🔹Дар «Асарҳои мунтахаб», ки аз даҳ ҷилд иборат аст, қиссаҳои дохилшуда дар таҳриру иловаҳои нав пешниҳод шудаанд. Яъне адиб онҳоро аз нав қалам зада, суфтаву равон ва боз ҳам ҷолибтар намудаанд. Ҳамчунин як ҳикоя, ду қиссаи бори аввал рўи чоп омада ва чанд мақолаву мусоҳибаро дар атрофи эҷодиёташон низ ҷо додаанд, ки ин ба хонанда писанд хоҳад омад.
Аз суроғаи зерин китобҳоро дастрас намоед:

🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 1
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 2
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 3
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 4
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 5
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 6
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 7
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 8
Одамон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: 📚китобхонҳо ва онҳое, ки китобхонҳоро гӯш мекунанд.

✍️Бербер Бернард
📢БО САДОИ БАЛАНД КИТОБ БИХОН
📚📚📚
Дирӯз рӯзи ҷаҳонии "Бо садои баланд китоб бихон" буд. Ҳама азизони китобхонро табрик мегӯем ва умедворем онҳо бо садои баланду форами китобхонӣ дигаронро низ ташвиқ ба мутолиа мекунанд.
👇
https://tttttt.me/pdf_library_kmt
Forwarded from ФОНУС (fonews)
54%-и сокинони Русия орзуи сайру сайёҳат бар асоси муҳтавои китобҳоро доштаанд.

Пажуҳиши Liters ва Aviasales ҳамчунин маълум кардааст, ки 48%-и дигар мунтазам ё гоҳ-гоҳ китоб мехаранд, то дар вақти рухсатӣ (ё дар роҳ ба сафару сайёҳат) мутолиа кунанд.

Дар радабандии китобҳое, ки одамонро барои сайру сайёҳат ангеза медодааст, романи “Сайругашти ҷаҳон давоми 80 рӯз" садрнишин аст (43%). Дар зинаи дуввум қиссаҳо дар бораи Ҳарри Поттер (42%) ва дар ҷойи сеюм "Худованди ҳалқаҳо" (40%) қарор доранд.
ШУМОРО КАДОМ КИТОБҲО БАРОИ САФАР АНГЕЗА МЕБАХШАНД?
🔊14-ФЕВРАЛ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲАДЯИ КИТОБ📚

Ҳамасола 14 февралро ҷомеаи ҷаҳони чун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, (International Book Giving Day) таҷлил мекунанд. Таҷлили ин ҷашн аз соли 2012-ум оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб - иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гашт, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ – Эмми Бродмур ба шумор меравад. Ин рӯзро дар Тоҷикистон – низ бо шакли хос ҷашн мегиранд.

Шумо низ ба дӯстонатон КИТОБ ҳадя кардаед ва ё аз касе тӯҳфа гирифтаед?
Агар не, метавонед аз имрӯз оғоз кунед- рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб

📚📚📚📚📚📚📚📚📚📚📚
https://tttttt.me/pdf_library_kmt
КИТОБ...

︎ Инсон вақте хушбахт аст, ки ба яке аз ин ду чиз дастрасӣ дорад: ё китобҳои хуб ва ё дӯстоне, ки аҳли китоб бошанд.
Виктор Мари Гюго
📚📚📚📚📚📚📚

︎ Кайфияти зиндагии шуморо ду чиз таъйин мекунад: китобҳое, ки мехонед ва ё инсонҳое ки мулоқот мекунед.
Маршалл Маклюэн
📚📚📚📚📚📚📚📚

︎Барои нобуд кардани як фарҳанг ниёзе нест китобҳоро сӯзонд, фақат кофист коре кунед, ки мардум онҳоро нахонанд.
Виктор Мари Гюго
📚📚📚📚📚📚📚

⤵️⤵️⤵️⤵️⤵️
https://tttttt.me/pdf_library_kmt
🔜МАРҲАМАТ БА ОЗМУН

📣Китобхонаи миллӣ озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»-ро эълон мекунад.

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” озмуни нави ҷумҳуриявӣ эълон мекунад.

Озмун дар роҳи рўй овардан ба ҳуввияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию меҳанпарастӣ ва дар маҷмуъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ ва ба ин васила ҷалби ҷавонон ба осори пурғановати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, пайгирии сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи ў, ваҳдатофаринӣ, инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои шоистаи фаъолияти роҳбарии ў дар самти якпорчагии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши созгор хоҳад дошт.
➡️➡️➡️Муфассал

🔉↪️📖НИЗОМНОМАИ ОЗМУН
« Инсоният аз фикри солим бозмемонад , агар аз китобхонӣ даст кашад».

✍️Денни Дидро, файласуф

https://tttttt.me/pdf_library_kmt
🌼🌸🌺 БАҲОРИЯИ ШОИРОНИ МАЪРУФ🌺🌸🌼


Баҳор омад, ба саҳрову дару дашт,
Ҷавонй ҳам баҳоре буду бигзашт.
Сари қабри ҷавонон лола рўяд
Даме, ки маҳвашон оянд ба гулгашт.
***
Ба саҳро бингарам, саҳрота винам,
Ба дарё бингарам, дарёта винам.
Ба ҳар ҷо бингарам: кўҳу дару дашт,
Нишон аз қомати раънота винам.
***
Зи бўи зулфи ту мафтунам, эй гул,
Зи ранги рўи ту дилхунам, эй гул.
Мани ошиқ зи ишқат беқарорам,
Ту чун Лайливу ман Маҷнунам, эй гул.
***
Сари кўи баланд чандон нишинам,
Ки лола сар дарора му бичинам.
Чу лола бевафо бу, бевафо бу,
Нигори бевафо му чу гузинам.

Аз ин ҷо ⤵️⤵️⤵️⤵️⤵️⤵️
БАҲОРИЯИ ШОИРОНИ МАЪРУФ-ро бихонед...

https://tttttt.me/pdf_library_kmt