Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана
2.17K subscribers
199 photos
2 videos
204 links
Национальная библиотека Таджикистана
Download Telegram
#Адабиётиҷаҳон
Ҳамлет – шоҳасари Вилям Шекспир
—————————————-
“Ҳамлет” – намоишнома дар жанри фоҷеа, як асари машҳури Вилям Шекспир аст, ки соли 1602 навишта шудааст. Онро ҳатто яке аз маъруфтарин намоишномаҳои таърихи адабиёти ҷаҳон меноманд. Дар эҷодиёти Вилям Шекспир яке аз баландмазмунтарин асар маҳсуб мешавад.
“Ҳамлет” асарест, ки қариб дар ҳама театрҳои машҳури олам ба намоиш гузошта шудааст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе онро ба саҳна гузошта буд ва яке аз пурбинандатарин намоиши театрии он замон ба шумор меравад. Нақши асосиро дар он Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадоев бозида буд.
Мехоҳем аз ин шаҳкори адабиёти ҷаҳон шумо низ баҳра баред.

Гунаи электронии намоишнома ин ҷост:
✍️Вилям Шекспир 📖Ҳамлет
#Адабиётиҷаҳон
📌 Китобе аз “Маликаи ҷиноят”
✍️ Агата Кристи
——————————————-
Агата Кристи машҳуртарин нависандаи достонҳои ҷиноӣ дар ҷаҳон аст. Аз ҷумлаи нависандагонест, ки китобҳояш беш аз дигарон ба забонҳои гуногун тарҷума ва нашр шудааст.
Достонҳои Агата Кристӣ вайро ба унвони яке аз муҳимтарин нависандагоне, ки дар роҳи тавсеа ва такомули достонҳои ҷиноӣ кӯшидаанд, низ муаррифӣ ва матраҳ карданд.
Бо дархости хонанда Ҳасан Солиев як китоби Агата Кристиро бо номи “Расследование ведёт Пуаро” ин ҷо мегузорем.
📚Расследование ведёт Пуаро
#Адабиётиҷаҳон
➡️Чингиз Айтматов. “Ҷамила”. Як қиссаи шӯрангези ишқӣ
———————————————
📖“Ҷамила” номи повести нависандаи маъруфи аҳли Қирғизистон Чингиз Айтматов аст, ки соли 1958 навишта шудааст. Ин китоб маҳбубтарин асари адиби шинохта аст, ки дар аввалин давраи оғозаш ба навиштани асарҳои бадеӣ рӯи кор омадааст. Китоб як достони шӯрангези ишқист, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар як овули дурдасти Қирғизистон гузаштааст. Нависандаи машҳури Фаронса Луи Арагон повести “Ҷамила”-ро беҳтарин ва зеботарин қиссаи ишқ дар олам донистааст.
Ин китобро ҳоло мегузорем, то шумо низ баҳра бардоред. Китоб ин ҷост: “Ҷамила”↩️
✔️#Адабиётиҷаҳон
Қиссаи машҳури нависандаи рус Иван Сергеевич Тургенев "Муму"- ро дар тарҷумаи Маҷид Салим бо дархости хонандагон ин ҷо мегузорем.
Шумо низ метавонед дастрас кунед: ⤵️
................................
📚Муму ↩️
#Адабиётиҷаҳон
ДУРДОНАҲОИ АМРИТА
—————————————-
📙Повести машҳури Мирсаид Миршакар ДУРДОНАҲОИ АМРИТА аз садоқати беандозаи делфинҳо нисбат ба инсон, аз зиндагии ҳайвоноти баҳрӣ ва аз ишқу муҳаббати поки Ромишу Амритаи ҳиндустонӣ ҳикоят мекунад...
.............................................
Дурдонаҳо ин ҷост:⤵️
Дурдонаҳои Амрита
#Адабиётиҷаҳон
💐ЯК ГУЛУ САД ХАРИДОР📖

✍️Романи нависандаи машҳури ҳиндустонӣ Кришан Чандар аз ҳаёти лулидухтари соҳибҷамол Лочӣ қисса мекунад. Мазмуни роман аз ҳаёти як қабилаи лӯлиён ва духтари онҳо , ки сари ҳар қадам бо ҳашамати ҳаёт рӯ ба рӯ мешаванд , ривоят мекунад.
..............................
Китоб➡️Як гулу сад харидор
#Адабиётиҷаҳон
📖Духтари капитан
✍️Александр Сергеевич Пушкин
——————————————
Китоби "Духтари капитан" осори насрии поягузори адабиёти классики рус А. С. Пушкинро дар бар гирифта, дар тарҷумаи Саидризо Ализода ба чоп расидааст. Донишманд ва тарҷумони бомаҳорат хонандагони тоҷикро бори нахуст бо осори гаронбаҳои адиби бузурги рус ошно намуд. Ин китоб имрӯз ҳам арзишҳои фарҳангиву бадеии худро аз даст надодаанд. Сабк ва услуби тарҷума комилан нигоҳ дошта шудааст.
................................................................
Китоб⤵️
Духтари капитан
#Адабиётиҷаҳон
Адабиёти бачагона

📖Саёҳати Гулливер
✍️Ҷонатан Свифт

➡️Дар ин китоб саргузашти аҷоибу ғароиби духтур -Гулливер, ки аз хурдй сафари дарё ва мамлакатҳои дурдастро дӯст медошт, дар байни лилипутҳо ва великанҳо хеле шавқовар тасвир ёфтааст. Гулливер қаҳрамони афсонавӣ буда, наврасонро ба инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ҷаҳондӯстию ватанпарварӣ ҳидоят менамояд.

Китоб⤵️
Саёҳати Гулливер
#Адабиётиҷаҳон
📚Роҳи каҳкашон
✍️Чингиз Айтматов

↪️Дар ин маҷмӯа панҷ асари нависандаи бомаҳорати қирғиз Чингиз Айматов гирд оварда шудааст. Инҳо "Нахустин устод", "Чашми шутур", "Роҳи каҳкашон", "Рӯбарӯшавӣ", "Ниҳолаки рӯмолсурхаки ман" мебошанд. Дар ин повесту ҳикояҳо нависанда ватандӯстӣ, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, одамгарӣ ва дигар хислатҳои наҷибонаи одамони советиро васф карда аст.

Китобҳоро ин ҷо дарёфт кунед➡️ Роҳи каҳкашон
#Адабиётиҷаҳон
ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

✍️Чингиз Айтматов-яке аз бузургтарин нависандагони дунёст, ки китобҳояш на танҳо сухани нави тадқиқи бадеӣ, балки рамзҳои адаби шудаву хонандагони садҳо кишварро мафтун кардааст.
📚Пораабри сафеди Чингизхон -тавассути ин китоб тозатарин тарҷума аз осори Чингиз Айматов - Чингизи суханваре, ки ба қавли устод Турсунзода бар рағми Чингизи бедодгар дунёро бо сухан гирифтааст, пешкаши адабиётдӯстони тоҷик мешавад.

Китобҳо⤵️
➡️Пораабри сафеди Чингизхон

➡️Роҳи каҳкашон

➡️Ҷамила
#Адабиётиҷаҳон
Ҳикояҳо дар бораи Шерлокс Холмс

➡️Дар ин маҷмӯа бо чанд ҳикоя ва повести нависандаи номии англис Артур Конан Дойл шинос мешавед, ки бори аввал ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда буданд. Ҳикояву повестҳои ин шахси номдор ҳанӯз дар асри гузашта саросари дунёро пахш гашта буд. Ҳамагон аз хондани онҳо лаззати фаровон мебурданд. Персонажи асосии ҳикоятҳои Конан Дойл чунон ном бароварда буд, ки то ҳол аксари мардум бар ин боваранд, ки ӯ шахси воқеии таърихӣ буд. Шерлок Холмс, кӣ намедонад ин исмро? Ин персонажи тахайюлӣ дар қатори маъруфтарин одамони ҷаҳонӣ меистад. Инак навбати хонандаи тоҷик аст, ки аз моҷароҷӯиҳо ва қиссаи ҳаёти Холмс бархурдор шавад ва лаззати нотакрори яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти ғарбро бичашад.

📚ҲИКОЯҲО ДАР БОРАИ ШЕРЛОКС ХОЛМС
#Адабиётиҷаҳон
📚САРГУЗАШТИ МАН ( ТАҶРИБИЁТИ МАН ДАР РОҲИ КАШФИ ҲАҚИҚАТ)

✍️Маҳатма Ганди падари Ҳинд ҳамеша манбаи илҳоми ҳазорон мардуми дунёст.Ин роҳбари абадзиндаи Ҳинд ба василаи зинда кардани бузургтарин мақолаҳои ахлоқии фалсафаи қадими ҳиндие чун аҳимса ва сатряграха тавонист мактаби муборизаро барои озодӣ таҳти унвони "Муқовимат бидуни зӯроварӣ ва хушунат" бунёд кунад, ки то имрӯз бар аксари ҷунбишу муқовимат бидуни зӯроварию хушунат дар тамоми дунё омӯзандаву таъсиргузор аст.

Китоби "Саргузашти ман" аз тарҷумаи Масъуди Барзин ба тоҷики баргардон шудааст.

📚Саргузашти ман↩️
#Адабиётиҷаҳон
📚ПИРАМАРД ВА БАҲР
—————————————-
💢Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ҳамкори бо Китобхонаи миллӣ нахустин тарҷумаи расмии тоҷикии китоби "Пирамард ва баҳр"-и Эрнест Ҳемингвейро аз забони асл тақдим мекунад.
Ин тарҷумаи асари классикии Ҳеменгвей, на танҳо хонандагони тоҷикро бо ганҷинаи адабиёти амрикоӣ ошно месозад, балки ба ҳайси як маводи муҳими омӯзишии забони англисӣ истифода хоҳад шуд.

📚ПИРАМАРД ВА БАҲР
The old man and the sea
#Адабиётиҷаҳон
✍️Дейл Карнегӣ

САРСУХАНИ МУТАРҶИМ
➡️ "Ягон муболиға намешавад, агар бигўем касе ин китобро
бихонад аз ҳамагуна ташвишу изтироб раҳо меёбад
, ҳаёташ ба назму тартиб меояд ва ў, пурра имкон дорад, ролу мавкеашро дар ҷомеа мустаҳкам намояд, обрўву эътибор пайдо кунад. Боз ин китоб
шахсро орому мулоим месозад, зиндагиро барои ў ширину осон мекунад ва ў ба дигарон халал нарасонида, балки нафъ бахшида, умр ба сар хоҳад бурд. Ин китоб муҳаббатро афзун, меҳрубониро фаровон
ва садоқату инсондўстиро тақвият мебахшад,
бухлу ҳасад ва ғазабу нафратро берун меронад
"- Нозир Ёдгорӣ

❇️Аз ин ҷо китобҳои Дейл Карнегиро боргири ва мутолиа намоед:
📙 Чӣ тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем то ҳаётамон орому шод гузарад!

📕Как вырабатывать уверенность в себе и влиять на людей, выступая публично
ДАРХОСТИ ХОНАНДА
#Адабиётиҷаҳон
📚Три товарища
✍️Эрих Мария Ремарк

Самый красивый в XX столетии роман о любви...
Самый увлекательный в XX столетии роман о дружбе...
Самый трагический и пронзительный роман о человеческих отношениях за всю историю XX столетия...
——————————————-
Читайте здесь: 📚Три товарища
#Адабиётиҷаҳон
📚Омӯрзиш (ҳикояҳо)
✍️Ги де Мопассан

❇️Дар ин китоб 27 ҳикояи адиби забардасти Фаронса Ги де Мопассан гирд оварда шудааст. Дар ҳикояҳо ватандӯстии мардуми Фаронса ва нисбат ба аҷнабиёни истилогар хашму адовату беандоза доштани онҳо ифода ёфтанд, ки ба хонанда таъсири амиқ мегузоранд.
.....................................................
БО ДАРХОСТИ ХОНАНДА ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНИИ ОНРО МЕГУЗОРЕМ:
📚Омӯрзиш
......................................................
#Адабиётиҷаҳон

ПОВЕСТ ВА ҲИКОЯҲОИ НАВИСАНДАИ ҶОПОН ТЭРУ МЯНМАТО
—————————————————
💢Нависандаи навҷӯю суннатгаро дар аксари асарҳояш анъанаву урфу одатҳои миллии мардуми Ҷопонро зимни тасвири симоҳои қаҳрамонҳояш дар сатҳи баланд инъикос менамояд. Тэру Миямото аз масъалаҳои одӣ сар карда, то сангинтарин мушкилоти зиндагии мардуми кишварашро бо маҳорати ба худ хос ба қалам мекашад.Махсусан зиндагии вазнини мардум баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, паст рафтани сатҳи зиндагӣ, қашшоқӣ, танҳоиву ноумедӣ ва ҳамчунин орзуву омоли аҳолӣ ба зиндагии шоистаи инсонӣ аз ҷумлаи мавзуҳои марказии қисса ва ҳикояҳои Тэре Миямото ба шумор меравад.
......................................
Бо хондани ин китоб ба ҷаҳони рангину нотакрору пурасрор ва омӯзандаи адабию ҳунарии Тэру Миямото ворид шуда ҷаҳони маъни хоҳед гирифт.
#Адабиётиҷаҳон
Классикони адабиёти ҷаҳон барои бачаҳо

ХУРӮСИ ТИЛЛОӢ-и А.С.Пушкин
ва⤵️
КАШТАНКА-и А.П.Чеховро
бо тарҷумаи Маҷид Салим ин ҷо мегузорем.
Ин китобҳо дар нашриёти "Адиб" соли 2021 ба нашр расидаанд.

Аз ин суроға боргирӣ ва мутолиа кунед⤵️
↪️Каштанка
↪️Хурӯси тиллоӣ